ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТУ ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Данғара,мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабализода Ҳокимали дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №4 – и ноҳияи Данғара, вохӯри миёни хонандагони муассисаи номбурда, оид ба масъалаҳои интхоби касб, истифодаи дурӯстӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд. Зимнан, аз ҷониби масъулин вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуд.