ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ТЕЛФОНҲОИ МОБИЛӢ

Фархор: Созандагони ватан  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 корҳои фаҳмондадиҳи оид ба истифодаи дурусти телфонҳои мобилӣ аз ҷонибӣ масъулини шуъбаи маорифи ноҳия вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор бо хонандагон баргузор карда шуд.Нотиқон иброз доштанд, ки Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки асри техникаву технологияи муосир мебошад, инкишофи шадиди низоми алоқа мушоҳида мешавад. Дар баробари дигар техникаҳо намудҳои гуногуни телефонҳои мобилӣ пайдо шуда, мавриди истифодабарии умум қарор гирифтааст. Айни ҳол телефонҳои мобилӣ паҳншудатарин воситаи алоқа ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза шаклу намуд ва навъҳои нав ба нави он ихтироъ ва истеҳсол карда мешаванд.Дар чунин шароити зикргардида қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон низ аз телефонҳои мобилӣ васеъ истифода мебаранд. Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи намудҳо ва сифати телефонҳои мобилӣ нарафта, асосан ҷиҳатҳои мусбату манфии истифодаи онҳо баррасӣ гардидааст.Солҳои охир телефон натанҳо ҳамчун воситаи алоқаи миёни мардум, балки ҳамчун воситаи дастрасӣ ба иттилооти гуногун ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳои психологӣ ва таҳқиқотҳои олимони ватанӣ нишон медиҳанд, ки айни ҳол истифодаи ғайримақсаднок ва зараровари телефонҳои мобилӣ дар байни ҷомеаи муосири мо васеъ паҳн гардидааст. Натиҷаи таҳлилҳои мутахассисон маълум намуд, ки 70 дарсади инсонҳо давоми як рӯз зиёда аз сӣ дақиқаи вақти худро бо суҳбат дар телефон сарф менамоянд. Истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ ва кори муътадили системаи асаб таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемории саратони майнаи сар оварда мерасонад.