Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29–уми Апрели соли равон дар толори Маркази Ҷавонони ноҳияи Хуросон Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо иштироки аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, муовини раиси ноҳия муҳтарам Турсунзода Дӯстмурод, аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони Ҳизб баргузор гардид.

Ба рӯзномаи маҷлиси баррасии 4 масъала пешниҳод карда шуд:

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;

2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Маҷлисро муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Саидасрор кушода оид ба фаъолияти 3 моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда ҳисобот пешниҳод намуд,

Масъалаҳои дар рӯзномаи Раёсати маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон гузошта шуда пурра баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фарҷоми Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ба аъзоҳои фаъол аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Ганҷина” ва "деҳаи Сарбанд" бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон мукофотонида шуданд.

Инчунин ба 6 нафар ҷавонон Шаҳодатномаҳои Ҳизбӣ Супорида шуд.