ҲУНАР БЕҲ ЗИ ГАНҶ

Норак: Созандагони ватан  

Ҳар инсонро ба ҳадди ақлу заковат ва тавоноиву қудрат касберо барояш  лоиқ медонанд.

Саъдӣ аз ҷумла ҷавоне ҳаст, ки бо садои ширину диққатҷалбкунандааш дар бани мухлисонаш шуҳрати хосаеро касб намудааст. Саъдӣ  хеле ҷавон аст. Истиқоматкунандаи деҳаи Гирдоби шаҳри Норак буда,  дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст . Падараш Воҳидов Назар хоҷагии деҳконӣ дошта,  ба боғдорӣ машғул аст ва аз овози ширини фарзандаш хушаш меояд.

Ҳанӯз дар синфи 10-ум мехонад, вале бо маҳорату тобиши хело зебои овозаш то сатҳи вилоят шуҳратёр гаштааст. Иштирокчии ду давраи озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” буда, дар даври ниҳоии шаҳрӣ ба вилоят роҳхат гирифтааст.

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҳфилеро зери унвони “Ҳунар беҳ зи ганҷ” ташкил намуда, дар он аъзоёни фаъоли кумита ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “ Созандагони Ватан”-ро ба ҳам овард.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак барои ин ҷавони соҳибистеъдод барору муваффақиятро хоҳон аст.