БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ “ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва Шуъбаи маорифи ноҳия тайи солҳои охир ҳафтаи охири ҳар моҳ бо мақсади шинос намудани наврасону ҷавонон ба вазъи сиёсии кунунии ҷаҳон ва Тоҷикистон, дар ин замина огоҳ намудани онҳо аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротиву раддикалӣ ва арҷгузорӣ бо таъриху тамаддуни миллат амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман”  баргузор карда мешавад.

Дар ин асно таърихи 27 апрели соли 2024 бо иштироки омӯзгорону собиқадорон ва хатмкардагони муассисаи мазкур  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуммии №58, “Соати сиёсӣ” дар мавзӯи “Истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ” доир гардид.

Дар рафти баргузори амалиёти мазкур омӯзгорон оид ба истифодабарии дурусти шабакаҳои интернетӣ суханронӣ намуда, хусусан аз истифодаи интернет байни ҷавонони имрӯза, ки  хеле зиёд ба чашм мерасад, нигаронӣ намуданд. Маҳз доштани ақлу идроки солим ва маърифати баланди сиёсӣ имконият медиҳад, ки ба хабару руйдодҳои ҷаҳони имрӯз баҳои объективӣ дода бошем. Ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гузориши онҳо бовар нанамуда, зери сиёсати созандаи давлату миллат сарҷамъ бошем ва кӯшиш намоем, ки дар оянда чун фарзандони баоруманду созандаи ин миллати соҳибтамаддун ба ояндагон як давлати пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузошта бошему ҳамеша номбардори бузургони ин миллат бошем, зеро миллати тоҷик аз азал “Миллати созанда аст”.