МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШИФО”

Левакант: Ҳисобот  

ЛЕВАКАНТ: Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ШИФО” маҷлис доир карда шуд. Дар маҷлиси мазкур мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Акрамшоева Гулшан иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Дар маҷлис масъалаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи 3 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” иборат буд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи 3 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас, бо ҳамин тартиб дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис барраси гардида нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Акрамшоева Гулшан оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо гуфта шуд.