Суҳбат бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Ховалинг: Созандагони ватан  

Имрӯз мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ Шарифҷон Набиев бо аъзоёни ТҶҶ «созандагони Ватан» вохӯрӣ доир намуда, дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст» суҳбат намуд.

Дар рафти суҳбат иброз дошт, ки Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонписари ватандӯст буда, мактаби мардонагиву ҷасорат мансуб меёбад ва ҳар як ҷавонро зарур аст, ки аз ин мактаби далериву ҷасурӣ гузарад.

Ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки моро мебояд тавассути хизмати ҳарбӣ ҳар як кафи хоки поки ватанро аз душманону хоинон ва бадбинони миллат ҳифз намоем.

Ҷавонон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» низ оид ба мавзуи матраҳгардида, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.