АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ба аксияи мазкур дастаҷамъона баромада, дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми хешро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 25 апрели соли 2024 аз ҷониби кормандони Кумиаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аксияи ҳизбии “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур кормандони ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузорӣ ба Ватан фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атрофи бино аз алафҳои бегона машғул гашта, саҳми беандозаи худро гузошта истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.