АМАЛИ ХАЙР БА ХОТИРИ ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тавваҷуҳ зоҳир намудан ба қишри ниёзманд хусусан ба ятимону оилаҳои камбизоат дар ноҳия бо дастгирии аз ҳама ташаббусҳои ҳизбӣ бо саҳми ҷавонони ватандутӣ ноҳия, ки пайравони асли Пешвои миллатамон мебошанд ва бо роҳбарии соҳибкор Бахтиёр Каримов тӯи хатнасури зиёда аз 20 нафар кӯдакон гузаронида шуд. Дар тарабхонаи "Лаззат"-и ноҳия дастархони идона ороста гардида, ба кӯдакон либоси нав тақдим карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзида, ба дастандаркорони ин амали нек изҳори сипос намуданд.