ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОБОСАФОЛ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бо омӯзгорон ва падару модарон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони дин шарҳу тавзеҳ дода шуд.   Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва или таваҷуҳи беандоза доранд. Маҳз ҳамин тавваҷуҳ ва ғамхориҳои Перезиденти кишвар боис ба он шуданд, ки ҷавонони мо дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар ҷавоб ба ин мо омӯзгоронро мебояд корро дар самти тарбияи хонандагон дучанд намуда, кушиш намоем, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои ватандорӣ, ҳарчи бештар ишттироки онҳо дар озмуну олимпиядаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он тарбият намуда, номбардорони аслии ватани хешро ба камол расонем.Ҳамзамон, Пешвои миллат гуфта гузаштад, ки “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.Аз ин лиҳоз таъкид шуд, ки ҷавононро дар масири омузиши илму касб, забономузӣ, хештаншиносӣ тарбият намоем, ки дигар ба хурофотпарастӣ даст назананд. Зикр гардид, ки дар арафаи иди саиди Фитр аз харҷи беҳудаву бемаврид, исрофкорӣ даст кашида ба хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оваранд. Татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” таъмин карда шавад.