ҲАФЗИ ПИРЯХҲО ВА МУҲИМИЯТИ ОН БАРОИ БАШАРИЯТ

Фархор: Созандагони ватан  

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат миёни ҷавонон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷамомад баргузор карда шуд, ки дар он масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти он барои башарият аз тарафи нотиқон барраси ва ба дарки ҷавонон расонида шуд.Гуфта шуд, ки Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти ҳаёт яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳими сайёра ба шумор меравад.

Истифодаи захираҳои обӣ, масъалаҳои марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёад ва ба манфиати аҳолии кишвар истифода намудани ин сарвати бебаҳо аз савияи касбии кормандони соҳа вобастагӣ дорад. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист на танҳо аҳолии кишвар, инчунин аҳли башар дар минтақа ва сайёра тавассути идоракунии босуботи захираҳои обӣ эътибори хоса медиҳад.Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба истифодаи захираҳои обӣ, ки нақши муҳимро дар рушди устувори кишвар мебозанд, дар заминаи истифодаи оқилонаи онҳо дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина норасоии оби нӯшокӣ, ҳамчун мамлакати кӯҳсор камзамин будани кишвар, бар замми он истифодаи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилотҳои рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи на танҳо сокинони кишвар ва минтақа, ҳамчунин аҳли башариятро тақазо менамояд.