ВОХӮРИ БО АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Вохурии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 Ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид. Зимни баромад ва вохӯрии судманду самимӣ масъулин қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода менамояд. Ҳизб фарҳанги сиёси ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода баҳри дарёфти роҳҳои муассир ва намунавии онҳо чораҷуи карда мешавад.