ҒОЛИБОНИ ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БАДМИНТОН

Кушониён: Созандагони ватан  

 Бадминтон яке аз бозиҳои қадими ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Намуди варзиши олимпӣ буда, дар он ду бозингар ё ду дастаи иборат аз ду нафар бо ҳам рақобат мекунанд. Мутахассисони соҳаи варзиш онро ба гурӯҳи варзишҳои неруталаб шомил намудаанд. Бадминтон ба бозии теннис шабоҳати наздик дошта, вазифа ва мақсади бозингари бадминтон мисли бозингарони теннис аст. Федератсияи ҷумҳуриявии бадминтони Тоҷикистон соли 2010 таъсис ёфтааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ федератсия фаъолияти худро тибқи нақшаҳои корӣ, асосан барои рушд ва ташвиқи бадминтон байни аҳолӣ, алалхусус наврасону ҷавонон ва бонувон равона намуд. Бо дастгирии бевоситаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи варзиш ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷониби федератсия чорабиниҳои расмӣ, аз ҷумла чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон баргузор мешаванд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки варзишгарони ноҳияи Кӯшониён дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Бадминтон", ки аз санаи 19 то 21 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда соҳиби 4-медали тилло ва 2-медали биринҷи гардиданд.