САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” – и ноҳияи Данғара,  шинонидани дастаҷамъонаи гулҳои ороишӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани атрофи муассиса, корҳои ободони ба роҳ монда шуд. Бояд гуфт, ки вобаста ба мавсим гулҳои ороишӣ зуд ‐ зуд иваз карда мешаванд. Тибқи нақшаи кории муассиса, то охири сол ба хотири сарсабзу хуррам намудани гирду атрофи муассиса гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳамин давра тибқи нақшаи корӣ ва дар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони  ташкилоти номбурда баҳри сарсабзу хуррамгардонии  гирду атроф,  бо кормандони муассиса тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона тозаву озода  ва бо гулҳои мавсимӣ ороиш додани саҳни муассиса ҳиссаи худро мегузорем.