ВОЛИДАЙН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН НАҚШИ КАЛИДИ ДОРАНД!

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб мубориза бар зидди терроризм-экстремизми сиёсию динӣ, иҷроиш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар шаҳри Левакант  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Маснавиева Фазилат, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳрӣ бо омӯзгорон ва падару модарон вохӯри доир гардид.

Намояндагон  дар баромади хеш қайд намуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро як мушкилие фаро гирифтааст, ки ин густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизм мебошад. Терроризму экстремизм барои амнияти мардум ниҳоят хатарнок мебошад. Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳангоми вохӯрӣ бо шахсони ифротгарои динӣ, ки аксаран ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот доранд, онҳоро биомӯзанд ва бикӯшанд, то ба онҳо ҳадафҳои давлатсозӣ, сулҳофарӣ, пойдорӣ ва ваҳдати мардумони кишварро бифаҳмонанд.