ЭҶОДИЁТИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Кушониён:  

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри 19 шурӯъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Бо ҳамин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаби президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни бахшида ба бузургдошти 146 - солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар мавзӯи "Айнӣ-шоир,нависанда, публитсист ва олим" конфронси илмӣ-адабӣ бо иштироки васеи омӯзгорон, мураббиён ва хонандагони синфҳои 7-11 баргузор гардид, ки аз қисмати илмӣ-адабӣ ва бадеӣ иборат буд.