ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БА ҶОМЕА

Шаҳритуc: Вокуниш  

         Мутобиқ ба ҳисоботи оморӣ аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас «мушкилоти ҷавонон» — мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аст. Қабл аз ҳама, бояд андеша намоем, ки омилҳои асосии майли иддае аз ҷавонон ба ифротгароӣ кадомҳоанд? Авзои ҷомеа ба ҳолати ботинии инсон зиёд шабоҳат дорад.

           Пешгирӣ ва мубориза бар зидди  экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад.

     Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда  дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

         Дар натиҷаи рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани гурӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷинояткорон мегардад.

         Аз ин рӯ ин омилҳо моро водор месозад, ки  мо пайваста аз болои фарзандон новобаста аз сину сол ва ҷинсият назорат барем, доимо телефонҳои мобилии онҳоро низ таҳти назар гирем то, ки онҳо фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои ифроти нашаванду зиндагии ширини худро талх насозанд, зеро дар ин самт масъулияти тамоми волидайн хеле калон аст.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи  электронии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус