ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ!

Вахш: Андеша  

Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳалқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳёи давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибҳираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.  Бо шарофати ин ҳадяи тақдир Тоҷикистони азизи мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.  Вале, мутаассифона бо иллати бетаҷрибагии давлатӣ ва фиребу найрангбозиҳои бадхоҳони берунӣ, кишвари ҷавони мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, то ба ҷое расид, ки бародар душмани бародар гардид. Дар ин давраи тақдирсоз давлати ҷавони мо ба озмоиши бисёр сангин ва зарбаи вазнини таърих дучор гардид. Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таъриҳиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили давлати соҳиби  ихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоиста буд. Албатта, барои ба ин ҷараёни созанда ноил шудан, аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯхта, аз таҷрибаи ҷаҳони муттамаддин баҳра бардоштем.   Дар тӯли 32-сол барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ҳазорҳо километр роҳҳои нави замонавӣ сохта шуд, ки Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои дунё пайваст менамояд. Ин роҳҳо Ҷумҳуриро ба мамолики Осиёи Марказӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст намуд. Барои ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ садҳо неругоҳҳои барқӣ хурду миёна сохта ба истифода дода шудааст. Дар муддати 32- соли истиқлолият дар бахшҳои мухталифи ҳоҷагии ҳалқ дигаргуниҳои назаррасе ба амал омада, корхонаҳои нави саноатӣ иншоотҳои дигари аҳамияти миллӣ дошта арзи ҳастӣ намуданд. Мардуми шарафманди диёри азизамон дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳуриро сармашки кори ҳуд намуда, таҳти сиёсати пегирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фидокорона меҳнат намуда истодаанд.

 Мудири бахши омор ва маҳзани

 ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 дар ноҳияи Вахш   Ватанзода У.В.