КИТОБ МАНБАИ ИЛМУ ДОНИШ!

Вахш:  

Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз,тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст.

Хушбахтона санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз дар кишвари азизи мо мавқеи махсусеро доро мебошад, ки маҳз бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ фестивалу озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ барои китобдӯстон баргузор гардида истодааст, ки рӯз то рӯз сафи китобдӯстон бисёр гардида истодааст.

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари аҳоли ба китобдӯстиву китобхони дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва ТИ “Китобдорон” байни аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ маҳфилҳои гуногун баргузор карда мешавад, ки аъзоёни ТИ “Китобдорон” дар асоси нақшаи мазкур китобхонаи сайёр ташкил карда, ба тамоми ташкилоту идораҳо китобҳоро дастрас менамоянд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.