МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ҶАВОНОН

Қубодиён: Созандагони ватан  

Санаи 22-юми апрели соли равон дар муассисаҳои ноҳияи Қубодиён дар асоси нақша-чорабинии Мактаби варзишии ноҳия дар якҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 30- солагии ҲХДТ миёни хонандагони синфҳои болоии  муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи волейбол баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки варзиш омили муҳимтарини муаррифгари давлат ва беҳтар гардонидани саломатии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат ҳамеша ҷиҳати пешрафти варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонону варзишгарон талош варзида, дар ҳар як ноҳияву деҳоти дурдасттарини мамлакат толор ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода истодаанд.