ҲАМА ҚАТРАҲОЕМУ ДАРЁ ШАВЕМ

Н.Хусрав: Вокуниш  

Ба даст овардани ваҳдати миллӣ кори бағоят мушкилу душвор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ваҳдату ягонагии халқи тоҷик зарбаҳои сахти ҷонгудоз расонид. Душманони дохиливу берунӣ дар байни тоҷикон моҳирона фитна, шубҳаю нобоварӣ, хусумату ҷудоӣ андохтанд. Хушбахтона, дар муддати кӯтоҳ ақли cолим боло гирифт. Мардуми тоҷик шаҳди ин фитнаю хусуматро чашида, дарк намуд, ки танҳо ваҳдат, ягонагӣ ва якдилӣ наҷоти халқу миллат ва омили асосии мавҷудияти сарзамин, давлати миллӣ ва истиқлолият буда метавонад. Тамоми фаъолияти минбаъдаи Сарвари давлат баҳри татбиқи воқеии масоили умумимиллӣ, таъмини ваҳдату ягонагии он равона шудааст.

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Сарвари давлати тоҷикон сарфи назар аз мушкилӣ ва монеаҳои бешумор, вазнинтарин масъалаҳои ҷомеаи тоҷикон-барқарор намудани давлати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва аз ҳама муҳимтар барҳам додани низои миллӣ, ба ҳам овардани миллат, ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва дар ҳамин замина таъмин намудани ваҳдату ягонагии миллӣ ба фоидаи мардуми заҳматкаши тоҷик ба иҷро расонида шуд. Таърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботу мунтазами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳми аъзои он, қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва  қишрҳои иҷтимоӣ вобаста аст.

Мусаллам аст, ки дар асари ҳукмфармо будани носуботӣ идораи давлатҳо ба сакта дучор гашта, дар натиҷа бесарусомонии иҷтимоӣ фарогири ҷомеа мегардад. Тавре воқеияти объективӣ шаҳодат медиҳад ҳаёт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷомеаро водор менамояд, ки сулҳу суботро таъмин ва ба ин васила истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва рушди маънавиро ба роҳ монад.

Аз нигоҳи илми муосир низ вазъи коинот ва низоми олам ба ваҳдат ва қонуни ҷозибаи сайёраҳо асос ёфтааст. Аз ин рӯ ваҳдат на танҳо омили ҳастии ҷамъияту одам, балки асли худи олам ҳам ҳаст ва на фақат сайёраи мо, балки кайҳону коинот ҳам қонунияту низоми муайян доранд, ки ягонагии онҳоро бар ҷо нигоҳ медорад ва боиси дар Сайёраи Замин рушду нумуъ кардани ҳаёт мегардад.

Бинобар он ваҳдат ҳамчун яке аз унсурҳои ҳастии табиӣ ва иҷтимоии инсон аз тарафи андешамандони башарӣ, аз ҷумла аҳли  эҷод, адибону шоирон аз замонҳои хеле қадим дарк шуда, мавриди таҳсину ситоиш қарор гирифтааст. Устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ асоси ваҳдатро дар некӯию сулҳ ва сабаби ҷангу нифоқро дар нодонӣ донистааст:

Ҳама наюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,

Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Дар тӯли таърих ваҳдат ба маъниву мазмунҳои гуногун ва тобишҳои мухталиф арзи зуҳур мекард, аммо ҳамеша як мазмуни аслии он побарҷо буд, ки асосу бунёди ҳастӣ ва саодати ҷомеаи башарӣ ва ҳар як инсон аст. Дар баробари ин ваҳдат боз мафҳумҳоеро ифода намудааст, ки ба ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ ҳаммаъноянд, зеро бе ваҳдати миллӣ ба даст овардани ин арзишҳо ғайриимкон аст. Ҷамъияти инсонӣ дар дарозои таърихи худ исбот намудааст, ки осудагию оромиши мардум танҳо ҳангоми дар муҳити ваҳдат зистан воқеъ мегардад. Аз ин рӯ ваҳдат на танҳо арзиши миллӣ, балки бештар ва болотар аз он арзиши умумиинсонӣ низ маҳсуб мешавад, ки барои ҳар макону ҳар замон дархур аст. Чунонки муборизи роҳи сулҳи ҷаҳонӣ устод Турсунзода ҳифзи ваҳдати умумиинсонӣ ва дӯстиро васф карда, васият намуда буд:

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Бале, инсон дар муҳити ваҳдат ҳамчун моҳӣ дар дарё осудаву озод зиндагӣ ба сар мебарад. Дар муҳити ваҳдат ӯ худро дар баробари ҷузъи башарият эҳсос карданаш, ҷузъи миллат ҳам мешиносад ва аз афкори маҳдуди қавму маҳалгароӣ раҳоӣ ёфта, манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз манфиатҳои маҳаллию шахсӣ авло меҳисобад. Дар натиҷа шахс ба дарки он маънии бузург мерасад, ки ҳастии ӯ танҳо бо ҳастии тамоми мардуму миллат маънову қудрат пайдо менамояд ва ӯ ҷузъи иҷтимоъ мешавад, ки барои рафъ кардани тамоми монеъаҳову душвориҳо қодир мебошад. Ваҳдат ба ӯ нерӯи худтатбиқнамоӣ дар роҳи  бунёду ободкорӣ мебахшад.

Ваҳдат аз ҷониби аҳли адаб ҳамчун падидаи худовандию инсонӣ, иҷтимоию руҳонӣ, фардию умумибашарӣ дарк карда шуда, ҳамчун василае, ки  барои расидан ба ҳадафҳои ормонии онҳо хидмат мекунад, ситоиш карда шудааст. Аз ҳам ҷудоӣ хулқу атвори инсон нест, чизе, ки инсонро инсон месозад, ваҳдати ӯ бо дигарон, муттаҳидии ӯ бо мардум аст. Шоири бедордили мо Лоиқ низ ваҳдатсаро буд ва даъват мекард:

Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,

Ҳама қатраҳоему дарё шавем.

Аз таърихи халқамон метавонем мисолҳое оварем, ки дар натиҷаи аҳамият надодан ба ваҳдат тезутунд шудани зиддиятҳои дохилӣ ба вайрон шудани шаҳру деҳот, пароканда шудани ҳунармандону косибон, аз байн рафтани боғҳову киштзорҳо ва дар натиҷа боиси гуруснагию беморӣ, касодии маънавию ахлоқӣ гардида будааст.

Пешрафтҳои саноат ва кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг маҳз дар солҳое муяссар мешуданд, ки оромию ваҳдати нисбӣ дар ҷомеа фароҳам меомад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдат хусусияти объективӣ дошта, дар ҳама ҷамъият аксари мардум, ба хусус қишрҳои дорои нерӯи волои ақлонӣ ба таъмини фазои муфиди ба раванди муттасилии ваҳдат мусоидаткунанда саъйу талош мекарданд ва мекунанд.

Дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ қатъи назар аз беадолатиҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра дар самти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омаданд. Зиёиёни соҳиби тафаккури нави дунявӣ ташаккул ёфтанд, ки барои ба вуҷуд омадани ваҳдати миллӣ заҳмати зиёде кашида буданд. Хидматҳои устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншо Шотемур, А. Ҳоҷибоев, А. Муҳиддинов, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигаронро дар ин раванд бояд махсус зикр кард.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва воридшави кишвар ба марҳалаи нави тараққиёт ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо  аз низоъҳои фалокатбор ба шарофати ваҳдати миллӣ наҷот ёфт. Маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи муҳимтарин гардид, ки тавассути он бо ибтикороти дурандешонаи Сарвари давлат ватани азизамон бо дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ муваффақ гашт ва ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.

Тавре ҳамагон хуб дарк намудаанд, ваҳдати миллӣ ба худшиносии воқеӣ вобаста аст, зеро дарки ягонагии забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, иқтисодӣ ва ватандорӣ ба худшиносии устувори афроди кишвар замина мегардад.

Паҳлӯи дигари ин масъала дарк намудани масъулияти фард дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Устувор шудани шуури худогоҳӣ ва эҳсоси ягона будани фард бо миллат ва масъулият дар назди давлат сабаби дарки моҳияти ваҳдати шахс ва ҷомеа мегардад. Ваҳдати афрод дар ҷомеа ҳамон вақт устувор ва побарҷо мемонад, ки шаҳрвандони кишвар манфиатҳои олии миллӣ ва давлатиро амиқан дарк намоянд ва ба ин васила ваҳдатро ҳамеша чун падидаи умумимиллӣ ва умумидавлатӣ гиромӣ доранд.

Имрӯз баъзе неруҳои ҷаҳонӣ барои ҷорӣ кардани низоми ба худашон маъқул аз зӯроварӣ ва қувваҳои низомӣ низ истифода мекунанд. Вале ҷомеаи хушбахтонаи инсониро чунон ки донишмандони бузурги Ғарбу Шарқ қайд карданд, на ба воситаи зӯроварӣ ва фишорҳо, балки аз роҳи дониш ва такя ба ақлу хирад ва эҳтироми ҳуқуқи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровар то ба имрӯз вуҷуд доранд. Ин, пеш аз ҳама, хатарҳои экологӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динӣ, афзудани бекорӣ ва ғайра, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, кишвари мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хатарҳо ба пуррагӣ эмин намебошад.

Ҳоло вазифаи мо, занону ҷавонон аз он иборат аст, ки дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устуворро таъмин намуда, фаъолияти созандагӣ ва бунёдкориро ривоҷ диҳем нерӯҳои солиму ватанпарварро баҳри ягонагиву муттаҳидии халқи тоҷик ва давлати миллӣ равона созем.

Вазъи гузаштаи начандон дур барои мо сабақест.  Мо, занони саодатманди тоҷик шукрона аз он мекунем, ки дар як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ кору фаъолият менамоем.

 Дигар намемонем, ки ба пои фарзанди мо хоре халад, шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ мекунем.

Ҳар як зани тоҷик бояд шукргузори ин замони осоишта бошад, чунки ӯро ҳамчун ходими давлатӣ сарвару раҳнамо, адибаву омӯзгор, табибу коргар эътироф мекунанд. Ҳамаи  инҳо меваҳои шаҳдбори истиқлолияти мо  мебошанд.

 Ҳар кадоми мо бояд ба қадри он бирасем ва ҳама он комёбиҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

 Мо, занон - модарон, ки ояндаи пешрафти ҷамъият ва кишвар дар дасти мост, ҳама якҷоя  бикӯшем, ки ба қуллаҳои умед, ки имрӯзҳо мову шуморо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуда истодааст, бо қадамҳои устувор ва сари баланд бирасем.

Моҳира Раҷабекова -  узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав