ТЕРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

Фархор: Вокуниш  

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.  Ошкорро мегуям, ки  гурӯҳҳои экстремисти ва террористӣ бо ном дар шакли инсон тавлидёфта ба мисли Ашур Ҳусейнов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Беҳруз Холиқов ва Муҳиддин Кабирию якчанд нафари дигар худро мутаҳами чунин бешарафон сохта, барои бадном кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ҳар гуна дуруғу дасисаҳоро бофта, пешкаши тамошобинон ва ҷавонон мегардонанд. Инчунин бо мақсади паст намудани шуурнокии ҷавонон, ҷалб намудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва вайрон намудани тарбияи насли наврас, ҷангу ҷидол, ҷаҳолату торикӣ ва аз байн бурдани сулҳ кушиш мекунанд, ки оқибат инсонро ба чоҳи торикӣ бе охир ғарқ менамоянд.   Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. 

         Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, ки падарону модарон кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа махусан фарзандонро фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба  ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, ба гуфтаҳои шахсони болизикр таваҷуҳ зоҳир накарда  танҳо пуштибони аз  марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

 

Мудири шуъбаи таблиғот иттилоот

ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор 

Мирзоев Толиб