Пешгирии коррупсия таҳкими сулҳу субботи ҷомеа.

Панҷ: Вокуниш  

  Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад.

Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, оқибатҳои нохушро ба бор меоварад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.

Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ, ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назарас ноил гардидааст.Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу суббот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.

Ҳамзамон, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд, муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 317, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.

Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад, натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки 31-уми октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он номгӯйи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. То имрӯз зиёда аз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 22-юми декабри соли 2016 қайд намуданд, «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».

Хулоса, ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешравии иқтисодиёти ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва аз байн бурдани муомилоти коррупсионӣ ҳаматарафа ва ҳамаҷониба саҳми арзандаи худро гузорем.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.