ИМРӮЗ СИЁСИКУНОНИИ ДИН БА МАНФИАТИ ДУШМАНОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ!

Кӯлоб: Вокуниш  

Имрӯз амалу кирдорҳои ғайриинсонии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздику Афғонистон ва ҳатто Аврупо чунин гурӯҳҳо ба қатлу куштори инсонҳо машғуланд. Ин зуҳурот, ки «вабои аср» ном гирифтааст, рӯз то рӯз бо шаклу намуд ва воситаҳои нав зоҳир шуда, доманаи худро васеъ мекунад. То ҳадде, ки ҳеҷ ҷои ҷаҳони имрӯза наметавонад худро аз ин хатар комилан дар амон бидонад.

Ба назари коршиносон экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, ифротгароии динӣ маънои таассуб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне, таҳти таъсири андешаи бардурӯғи аз доираи таълимоти динӣ дур дар ниҳоди шахс боварии комил ба ҳиссиёти экстремистӣ табдил меёбад. Дар натиҷа исломи муътадил ба идеологияи радикалӣ мубаддал гардида, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ, ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгресси халқии Курд», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломӣ», “Ҳизби наҳзат”, “Гурӯҳи 24” ва ғайра сӯйистифода мегардад. Бояд гуфт, ки мақсади ниҳоии ин гурӯҳҳо нооромии ҷомеа, аз байн бурдани давлатҳои миллӣ ва соҳиб шудан ба сарватҳои зеризаминиву рӯизаминӣ аст. Мавҷудияти давлатҳои миллӣ бошад, монеаи бузурге барои пиёдасозии барномаҳои онҳост. Чуноне ки донишмандон мегӯянд, динҳои ҷаҳонӣ, махсусан дини муқаддаси ислом дар худ мафкураи бадро, ки мардумро барои нобуд кардани якдигар баҳри мақсадҳои ғаразнок даъват менамоянд, инкор мекунанд. Аммо гурӯҳҳои хунхор бо номи дин ва гуё барои амалӣ сохтани мақсадҳои динӣ, вале дар асл мақсадҳои шахсию ҳизбию гуруҳӣ даст ба чунин аъмол мезананд.

Ҳамчунин, таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар бархе аз марказҳои исломии давлатҳои хориҷӣ, бахусус кишварҳои арабӣ мояи нигаронист, зеро онҳо ҳангоми таҳсил дар ин донишгоҳу марказҳои исломӣ эмиссар ё гумошта гардида, ба Ватан ва амнияту суботи кишвар хатар эҷод мекунанд. Бояд гуфт, ки тадбирҳои солҳои охир андешидаи Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати баргардонидани чунин ҷавонон аз хориҷи кишвар бамаврид ва саривақтист. Ба гуфтаи муҳаққиқон, вақте ҳукумат садди таҳсили ҷавонон дар мадориси исломии хориҷӣ шуд, эмиссарҳои мазҳабӣ аз кишварҳои дигар бо ҳар роҳ вориди Тоҷикистон шуда, миёни сокинон таблиғоти ифротгароёнаи худро идома доданд. Ҳатто қасдан ҷиноят содир намуда, худро ба зиндон афканданд, то тарғиботи худро миёни маҳбусон ба роҳ монанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, зарур аст, то афроде, ки бо ҷиноёти террористиву экстремистӣ зиндонӣ мешаванд, дар муассисаҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд.

Коршиносони ин самт, омилҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чунин нишон додааст:

- ташвиқи васеъ пайдо намудани ғояҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

- афзоиши шумораи ҷавонони бекор ва бемаълумот;

- сатҳи пасти маърифати динии ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки байни дини ҳақиқӣ ва таассубу хурофот тафовут намегузоранд;

- бетаваҷҷуҳии волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон ва аз тарбияи волидон дур мондани аксари ҷавонон;

- паст будани сатҳи донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба вуҷуд омадани як зумра гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо» ва гурӯҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд;

- аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи нисбатан хатарзо ва наздик ба кишварҳои тавлидгари экстремизми динӣ (Ҷумҳурии Покистон ва Афғонистон) ҷойгир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- талоши кишварҳои хориҷӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва сӯистифода аз «омили исломӣ».

Аз воқеаҳое, ки дар гӯшаву канори олам сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои одамони ифротгаро ягон муқаддасот - Ватан, миллат, дин мазҳаб арзише надоранд. Ҳамчунин, бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз бесаводии аҳолӣ сӯистифода намоянд. Ин гурӯҳҳо таҳти таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавононро ба гурӯҳҳои экстримистӣ шомил гардонида, ба иҷрои ҳар гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат, таҷовуз ба номуси инсонҳо тайёранд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, ба хотири соҳиби сарвату мол гардидан рӯзгори осудаву Ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ ба хотири манфиати дигарон меҷанганд. Дар натиҷа иддае аз онҳо дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро ҳам дар хатар мегузоранд. Ҳол он ки тибқи таълимоти ислом рехтани хуни ноҳақ аз ҷумлаи гуноҳони кабира дониста мешавад. Мутаассифона, ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо одамони бесаводу ноогоҳ, балки касоне ҳам меафтанд, ки дар доираи худ зоҳиран соҳиби мавқеъ будаанд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надоштани ҳувияти милливу эҳсоси ватанпарастӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат мекунанд. Онҳо дер ё зуд сазои ин аъмоли нангини худро хоҳанд дид. Бояд донист нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину манфуртарин амал дар тамоми дину фарҳангу ойин ва дар ҳамаи миллатҳову ҷомеаҳо хиёнат ба Ватан асту нобахшиданӣ ва номи ин гуна ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.

Сабаби асосии оромии зиндагии имрӯзи мо, хушбахтии ояндаи фарзандон ва пойдор мондани Ватани азизамон Тоҷикистон барои таҳкими субот ва пойдории давлат муттаҳид шудан аст. Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои радикализм ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром ва ҳамнаво бошем.

ИБРОҲИМ ХАЛИЛОВ