НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВА САРКАРДАГОНИ ТТЭ ҲНИ

Бохтар: Вокуниш  

Бояд зикр намуд, ки яке аз тадбирҳои асосии пешгирии терроризм ва экстремизм ташаккули пойгоҳии ҳуқуқии муқовимат ба ин зуҳурот мебошад, ки дар кишвари мо алакай корҳои муайян ба сомон расонида шуда истодаанд.

Аз тадбирҳои дигари пешгирии терорризм ва экстремизм метавон муайян намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва аз байн бурдани чунин сабабу шароитҳо мебошад. Баъзан ҷавонон аз сабаби надоштани саводи кофии динӣ, дур мондан аз тарбия ва назорати падару модар, сӯҳбат бо шахсони ифротӣ дар масҷидҳо, муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзада ба доми бало меафтанд, ки дар сурати ислоҳ шудан давлат шароити авфи онҳоро муқаррар кардааст.

Шабакаи ҷаҳонии интернет имрӯз ба яке аз манбаҳои асосии паҳнкунандаи ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба муҳорибаҳои ҷангӣ муббадал гаштааст. Мутаассифона шабакаҳои иҷтимоӣ барои роҳандозӣ намудани ҳамлаҳои густурдаи иттилоотӣ ба тафаккури мардум имконият фароҳам овардааст.

Таърих гувоҳ аст, ки пешрафти босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф ва зиндагии шоиставу шароити беҳтари ҳаёт маҳз зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Вале боиси таассуфи беандоза аст, ки имрӯзҳо душманону хоинони миллат, ки тоҷику тоҷикзода номидани онҳо садҳо бор ҳайф аст, дар саҳфаҳои мухталифи иҷтимоӣ, шабакаҳои интернетӣ бо ақоиди мухолифи худ нисбати давлату давлатдории имрӯза баромад намуда, бо ин амалҳои номардона, разилона ва пастфитратонаи хеш амнияту суботи кишварро халалдор мехоҳанд созанд.

Бадхоҳону ҷиноятпешагон ин имкониятро ҳамчун маҳаки ташвиқоту таблиғот барои расидан ба манфиатҳои нопоки худ истифода мехоҳанд баранд. Дар ин радиф ТТЭ ҲНИ мехост, ки бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ба сари қудрат омада Тоҷикистонро ба хоҷагони хориҷиаш таслим кунад. Аммо хушбахтона ба мақсади нопокаш нарасид. Дар ин радиф, фаъолияти ташкилотҳои зиёди террористию экстрекмистии дигар ба монанди «Ҳизб-ул таҳрир», «Ал-қоида», «Гурӯҳи-24», «ДОИШ» ва ғайра дар Тоҷикистон манъ карда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар барои фаъолияти минбаъдаи ҲНИ зарурият намонд.

Ин афрод, ки барои осоиштагиву ободии ин кишвар заррае ҳам саҳм надоранд, ободиву пешрафти ватанамонро нодида мегиранд. Бо ҳисси бухлу ҳасаду кина ҳар як дастоварди халқамонро ба таври худ бозтоб медиҳанд, ки ин худ як ҷудоиандозӣ, тафриқасозӣ ва ваҳшатангезӣ аст. Онҳо аҳримансифатонанд, ки дар замири мардум ба ҷуз тухми кинаву адоват, парокандагӣ, навмедиву дилсардӣ ба ояндаи нек дигар чизе намекоранд. Бо ин амалҳои ғайримусалмонии худ имрӯз назди халқу миллат ва фардо назди Худованд ҷавоб хоҳанд дод. То имрӯз рӯҳониёни асил низ ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Ҳар нафаре, ки имрӯз худро соҳибватан мешуморад, бояд хуб дарк созад, ки онҳо душманони нотавонбини ҳар як узви ҷомеа ҳастанд. Даст ба дасти якдигар аз ҳар як сокини бонангу ори ин Ватани ободу зебо, алалхусус, ҷавонон даъват ба амал меорем, ки зери сиёсати Пешвои муаззами худ муттаҳид бошем ва решаи заҳрпечидаи хоинони миллатро аз беху бун нобуд созем.

Қаҳоров Искандар - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.