САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави  дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии  кишвар, оид ба кабудизоркунии маҳали зист ва саҳм гузоштан дар сарсабзиву ободонии кишвар, дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх   аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба корҳои ободони камари ҳиммат баста дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба шинонидани гулу гулбутаҳо, дарахтони ороишиву сояафкан ва тоза намудани ҷую заҳкашҳо машғул гардида истодаанд.

Бо ин мақсад аъзоён ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Наврӯз-1”-и деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ба шинонидани гулҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ, тоза намудани ҷуйборҳо машғул гардида, як гӯшаи диёри азизамонро сарсабзу хуррам гардониданд ва тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ ба чунин корҳои ободони барои зебову дилкаш гардидани деҳаву маҳалҳо саҳмугузори намоянд.