ХАТАРИ ИНТЕРНЕТ БАРОИ КӮДАКОН ВА ҶАВОНОН

Кушониён: Андеша  

 Интернет бо ин ки фоидаҳое дорад, осебҳое ҳам дорад, ки волидайн дар ҳангоми коркардани кӯдакон ва навҷавонони худ дар ин фазо бояд таваҷҷуҳи вежае ба онҳо дошта бошанд. Дар ин мақола дар бораи осебҳои интернет бар кӯдакон ва навҷавонон суҳбат мекунем.

Баҳракашӣ ва истифодаи бад аз кӯдакон ва навҷавонон, ба яке аз заминаҳои муҳими ҷароими интернетӣ табдил шудааст. Пас беҳтар аст волидайн бидонанд, ки фарзанди онҳоро ҳам ин хатар таҳдид мекунад.

Кӯдакон ва навҷавонон осебпазиртарин қишри корбарони интернет ҳастанд. Аксари онҳо бетаҷриба, кунҷков, эҳсосотӣ ва аз ҳама муҳимтар “танҳо” ҳастанд ва дуруст ба ҳамин далел ҳадафи хубе барои муҷримон ва табаҳкорони интернетӣ ба ҳисоб меоянд.

Наметавон тасаввур кард, ки фарзандони мо бузург шаванд, рушд кунанд, ба донишгоҳ бираванд, аммо бо компютер сарукор надошта бошанд ва шабакаи ҷаҳонии интернетро нашиносанд. Дунёи имрӯз дунёи технологияи ҷадид аст, ки чунон бо суръат вориди зиндагии башар шуда ва роҳи нуфузи худро идома медиҳанд, ки наметавон ба он бетаваҷҷуҳ буд; Балки бояд бо онҳо ба равиши саҳеҳ бархурд кард то бештарин суд ва истифода ҳосил ояд. Ҳамчунон, ки асароти хуби технологияҳои навин дар кайфияти зиндагии мо қобили инкор нест; Дар сурати надоштани мудирияти саҳеҳ низ мумкин аст таъсироти бади он бар зиндагии кӯдакон ва навҷавонони мо ҷуброннопазир бошад.

Яке аз муҳимтарин авомил барои таъйини асари мусбат ё манфии компютер муддатзамоне аст, ки кӯдак ё навҷавон аз он истифода мекунад. Масъалаи дигар навъи фаъолиятҳое аст, ки бо онҳо сарукор дорад. Вақте кудак ё навҷавон барои муддати тӯлонӣ назди компютер менишинад дар дигар фаъолиятҳои таҳсилӣ, иртиботӣ ва иҷтимоӣ дучори ақибмондагӣ мешавад.

Истифодаи зиёд ва контрол нашуда аз компютер сабаби афзоиши вазн шуда, пеши роҳи иҷтимоӣ шуданашро мегирад, робитаашро бо афроди ҷомеа суст мекунад, ӯро гӯшагир ва ғамгин мегардонад. Ҳамчунин бозиҳои хашини компютерӣ кӯдакон ва навҷавононро омодаи мушкилоти рафторӣ ва пархошгарӣ мекунад вале агар аз барномаҳои саҳеҳи омӯзишӣ истифода шавад халлоқият афзоиш меёбад ва фурсате барои иктишоф ва ҷустуҷӯгарӣ дар ихтиёри ӯ қарор мегирад.

Кори бе равия бо компютер ва интернет сабаби ин мушкилот дар фарзандони мо мешавад:

– Эҷоди булуғи зудрас дар навҷавонон.

– Асари бад бар рушди табиии ҷисму равон.

– Гӯшагирӣ ва инзиво ва ба вуҷуд омадани афсурдагӣ.

– Рафторҳои асабӣ ва ғайримутаодил.

– Тапиши қалб.

– Беиштиҳоӣ ва ё камиштиҳоӣ.

– Ранҷур шудани ҷисм.

– Бемайлӣ ба таҳсил ва фаолиятҳои варзишӣ.

Инҳо аз осебҳои ҷисмӣ ва рӯҳӣ ва равонии истифодаи беравия ва бе назорат аз компютер ва интернет бар навҷавонон ва ҷавонон аст.

Ҳамчунин бе майлӣ ва ё камрағбатӣ ба анҷоми вазифаҳои шаръӣ ва ҳузур дар маҷомеи илмӣ ва мазҳабӣ аз осори он аст.

Машғул шудан ва истифодаи зиёд аз телефон барои бозӣ ва ё дидани клип ва мусиқӣ (одати шадид ба телефон), сабаби бехобӣ, коҳиши мутолиоти дарсӣ ва ғайридарсӣ, уфти таҳсилӣ, интихоби либос ва ороиши зоҳирӣ ба равишҳои номаънус ва ноҳанҷор ва майлу рағбат ба сигор, маводи нашъаовар ва кам шудани ангеза барои кор ва талош аз дигар осебҳои кор бо интернет ва компятер аст.

Тавсияҳое дар мавриди истифодаи фарзандон аз интернет шудааст, ки бояд ба он аҳаммият бидиҳем:

– Замони истифода аз интернетро маҳдуд кунед.

– Ба навҷавон биёмӯзед ҳар чизе, ки дар интернет мебинад ё мехонад ҳатман ва лузуман дуруст ва воқеӣ нест.

– Рӯи сайтҳое, ки муроҷиа мекунад ҳатман назорат дошта бошед.

– Бо иттилоот ва технологияҳои нав ошно шавед. Дӯр мондани волидайн аз пешрафтҳои ҷадид боиси эҷоди фосилаи наслӣ байни онҳо бо фарзандонашон мешавад.

– Замонҳоеро ихтисос диҳед то ҳамроҳи фарзандатон аз сайтҳои мухталиф дидан кунед, роҷеъ ба мӯҳтавои онҳо сӯҳбат кунед ва бозӣ ва фаъолиятҳое дошта бошед. Дар ин сурат имкони назорати шумо бар фарзандатон фароҳам мешавад.

– Ба фарзанди худ биёмӯзед, ки иртибот барқарор кардан дар утоқи гуфтугӯ дуруст монанди сӯҳбат кардан бо як ғариба аст ва бояд ҳамон эҳтиётҳое, ки дар ин замина ба кор меравад боз ҳам риоят шавад.

– Ба ӯ бигӯед, ки ҳеҷгоҳ набояд иттилооти шахсӣ ва хонаводагиро дар интернет дар ихтиёри дигарон қарор диҳад.

– Ҳаргиз бо касе, ки дар утоқи гуфтугӯ ошно шуда мулоқоти воқеӣ тартиб надиҳад.

– Ба кудакон омӯзиш диҳед, ки ҳамон қавонине, ки дар иртибототи воқеӣ риоят мекунем монанди дашном надодан, истифода накардан аз калимоти қабиҳ ва нописанд ва танзҳо ва матолиби беарзиш ва ғ… бояд ҳамон қавонин дар ҳангоми истифода аз интернет низ ба кор гирифта шавад.

Раҷабова Дилафрӯз  - мудири боғчаи №1-и ноҳияи Кӯшониён