ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низора дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо гузаронида истодаанд.

Бо ин мақсад  тибқи нақша масъулини ҳизби шаҳрӣ дар деҳаи Боҳтуробод-1 Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант корҳои фаҳмонидадиҳиро бо усули “Хона ба хона” дар 101 манзили истиқоматӣ идома бахшида, оид ба масъалаҳои болозикр, хусусан вобаста ба тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо сокинон суҳбату андешаронӣ намуданд.