БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ҷ.Балхӣ:  

Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аксияи тозагӣ дар назди бинои Кумитаи иҷроия доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилот, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд.

Баъди баргузории аксия дар гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ гулҳои мавсимӣ шинонида шуда зери дарахтон ва гулҳо об дода шуд.