БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати сазовор таҷлил аз 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамоҳангии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳар рӯзи панҷшанбе аъзоёну кормандон ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияро  ба ҳашару умумӣ бароварда, бобати тозаву озода намудани гирду атрофи муҳити зисти хеш саҳми беандозаи худро гузошта истодаанд.  

Дар таърихи 18-уми апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ- ҳизби созандаю бунёдкор” ташкил карда шуда, аъзоёну кормандони аксарияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои маркази шаҳрак дар аксияи ҳизбӣ  иштирок намуда, дар ободиву тозагии як гӯшаи диёр саҳми хешро гузоштанд.      

 

                                                      

     Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксияи ҳизбӣ: