ТАШАББУСКОР БОШЕМ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18 апрел дар муассисаи таълимии №17-и ташкилоти ибтидоии ҳизбиии “Морифчиён” «Соати сиёсӣ» доир гардид.  Дар “Соати сиёсӣ” омӯзгорони пуртаҷирибаи муассисаи мазкур иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ташкил ва сурат гирифтани чунин як вохӯрӣ бо омӯзгорон, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, маҳкум кардани фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Муовини  директори муассисаи мазкур зимни баромади хеш қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановати тоҷик, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи давлат ва тарбияи дурусти ҷавонон дар роҳи бунёдкорию созандагӣ изҳори назар карданд.

Воқеан ҳам Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари бисёр ҳам рушдкарда табдил ёфт. Рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба маротиб таъмин гардид, ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар қабул гардиданд, ки имрӯз ҳадафмандона амалӣ шуда истодаанд.