РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ШАРОИТИ ХАТАРҲОИ МУОСИР

Ҳамадонӣ: Андеша  

Дар шароити имрӯза афзоиши шумораи аҳолӣ ба назар мерасад, ки он боиси зиёдшавии сарборӣ ба воҳиди замини кишоварзии тамоми ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида истодааст. Афзоиши талабот ба молҳои озуқаворӣ,тағйирёбии иқлим, пешрафти техника ва технология, такмили идоракунии захираҳои заминро талаб мекунанд.Дар ин қарина овардани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд, ки 10 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон доир гардид, хеле ба маврид аст: “Тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода” истодааст. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо таври қатъӣ маданияти заминдориро баланд бардошта, муносибати худро бо замин, об тағйир дода, ва ба бекор мондани заминҳои кишт роҳ надиҳему самаранок истифода барем.Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи на он қадар бузурги замин, аз ҷумла замини кишоварзӣ дорад, масъалаи истифодаи он дар сатҳи самаранокии баланд ба миён меояд. Вале, дар низоми идоракунии захираҳои замини таъиноти кишоварзӣ то ҳол норасоиҳое ҷой доранд, ки боиси истифодаи камсамари замин мегардад.Маданияти зироаткорӣ дар қатори шароитҳои табиию иқлимӣ аз ваъзияти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, дониш ва таҷрибаи дохилию берунӣ вобаста аст. Вобаста ба ин, оптималисозии сохтори киштзор, риояи талаботи агротехникии ҳар як зироати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нақши назаррас мебозад.Дар ин ҷо, шароитҳои мавҷудаи дохилӣ ва беруниро ба инобат гирифтан зарур аст, ки натиҷабахшӣ ва ояндадории фаъолияти хоҷгидорро дар бахши аграрии иқтисодиёт муайян менамояд. Аз ин лиҳоз, нишондиҳандаҳои зерин мавриди омӯзиши махсус қарор дода ба мақсад мувофиқ мебошад:

- майдони воҳидҳои маъмурӣ, махсусан қиёс намудан бо ҳамҷояи майдони заминҳои корам, чарогоҳ ва заминҳои кишоварзӣ,;

- миқдори боришот дар минтақаи заминҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим, давомнокии ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

- хароҷоти маблағҳои ҷорӣ ва умумӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

- ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ барои 100 га замини кишоварзӣ;

- сармоягузории давлатӣ ва хориҷӣ заминҳои кишоварзӣ;

- даромади коргарони заминҳои кишоварзӣ ба як нафар ва ғаёра.

Бояд қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ гуногун буда, дар асоси онҳо метавон хусусиятҳои минтақаро муайян намуд, ки ҳангоми коркарди сиёсати аграрии минтақа дар ҳар як фазои маъмурӣ-аграрӣ муҳим ҳисобида мешавад.

Хулоса заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳамчун захираи асосӣ ва ивазнашаванда, ташаккули низоми босамари идоракуниро талаб менамоянд ва бо мақсади ба даст овардани амнияти озуқаворӣ бояд чунин суръати устувори рушди иқтисодӣ таъмин гардад.

Афзалшоҳ БОБОЗОДА,

декани факултети идоракунии давлатии Академия,

доктор (Phd) аз рӯйи ихтисоси бизнес-мудирияти соҳибкорӣ, дотсент