ТАҒИБИ ФАРҲАНГИ ЛИБОСПУШИИ ТОҶИКОНА

Фархор:  

 

Мулоқоти бо духтарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 санаи 17 – апрели соли ҷорӣ баргузор дар мавзуи дури аз фарҳанги бегона ва тарғиби либоси миллӣ баргузор карда шуд. Зимни суханрони нотиқон иброз доштанд, Асри  ХХI-ро асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши ниҳоят босуръати фарҳанг ва забонҳо меҳисобанд. Имрӯз ҳар фард — хоҳ шаҳрӣ бошаду хоҳ деҳотӣ, имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як они воҳид бо дурдасттарин минтақаи дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омӯзад, бо халқу тамаддуни гуногун иртибот барпо намуда, чизи зарурӣ гирад ва ё чизе ба дигарон диҳад. Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад: хуб ва бад. Имрӯз дида истодаем, ки ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздиконро ба ғаму андуҳ мубтало сохта истодаанд. Ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова дар як суҳбат бо хабарнигорон аз вазъи рӯзгори ҷавонон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки баъзе аз онҳо бемасъулият шудаанд. Онҳо дар рафтору гуфтор, либоспӯшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. «Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад».