ТОЗАГИИ НОҲИЯ АЗ СОКИНИН ВОБАСТАГӢ АСТ.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили 30 - солагии таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист, мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия шанбегӣ баргузор гардида истодааст. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” – Донишгоҳи давлатии Данғара низ ин иқдом ба роҳ монда шуда, омӯзгорону хонандагони муассиса дар гирду атрофи муассиса ва ҳудуди ноҳия корҳои ободониро амалӣ менамояд ва саҳни бино, кӯчаву роҳравҳоро тозаву озода мегардонанд. Ин иқдом дар ноҳия идома дорад ва аз тамоми  сокинони хоҳиш карда мешавад, ки барои дар роҳҳои пиёдагарду гулгаштҳо напартофтани ҳар гуна партовҳо худдорӣ намуда, аз қуттиҳои гузошташуда истифода баранд.

Мо шаҳрвандон вазифадорем, ки ноҳияамонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта, уҳдадориҳои шаҳрвандиамонро софдилонаву содиқона иҷро намоем.