РЕЙДИ МУШТАРАК БАЙНИ СОКИНОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ЛИБОСИ БА ФАРҲАНГИ МО БЕГОНА

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми апрели соли 2024 тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, дар бозори марказии шаҳр ҷиҳати пешгирии либоси ба фарҳанги мардуми мо бегона, сатру ҳиҷоб ва либоспӯшии занону бонувон дар шароити имрӯза рейд  гузаронида шуд.

Дар рейди муштарак Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, Зуҳурова Дилбар котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, Зоирова Сайёра мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Норак, Чилаева Мавлуда мутахасиси пешбари  шуъбаи маориф, Холмирзозода Беҳруз, Раҳмонзода Муродалӣ ва  Ҳусейнзода Лутфулло нозирони минтақавии ШВКД дар шаҳри Норак иштирок доштанд.

Зимни сӯҳбату вохуриҳо маълум гардид, ки гуфтугузор сари либоси миллию ҳиҷоб тамом шуданӣ нест. Бахусус на танҳо занону духтарони тоҷик, балки намояндагони дигар миллатҳо низ сару рўйи худро бо ҳиҷоб печондаанд. Яъне, сатру ҳиҷоб имрўз на чун нишони мусулмону боиффат будан аст, балки ба як навъ мўд мубаддал гаштааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин гуфта буд: “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Пас, ки аввал тоҷикем, тоҷик будани худро бояд собит кунем. Тоҷик будани худро бо суннату таомули тоҷиконаамон ба ҷаҳониён манзур кунем, на бо либоси ба фарҳангу миллати мо бегона . Танҳо сару либоси миллӣ тоҷик буданамонро аён месозад.

Барои ҳамин бисёр бонувони тоҷик на ба хотири мусулмонӣ, балки ба хотири мўду худнамоӣ ҳиҷоб мегиранд. Либоси миллӣ ҳамчунон зебову назаррабост, ки беихтиёр диққати ҳар касро ба худ мекашад. Ба бар кардани либоси миллӣ на фақат занону бонувонро зебо месозад, балки либоси миллӣ нишони эҳтиром ба миллат, ба гузаштаи худ, ба фарҳангу асолати миллии худ аст.

Аз ин ҷо ба натиҷае мерасем, ки риояи либоси миллӣ гувоҳи ифтихор аз тоҷик будан аст, ҳиҷоб доштан хоҳем ё нахоҳем, нишоне аз бегонапарастии мост.