МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ –ҲИЗБИ СОЗАНДА” ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 051054 ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак:  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 17 апрели соли 2024 дар қисми ҳарбии 051054 ротаи дуюми алоҳидаи комендантии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак мизи мудаввар бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “ҲХДТ –ҳизби созанда” бо иштироки Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, баргузор гардид.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан баромад намуда, дар бораи дастоварду муваффақиятҳои ҲХДТ дар 30 сол, бахшида ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём баён карда мешавад, сухан карда, ҳамзамон оид ба масъалаҳои донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба Ватан, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, рушду тараққиёти кишвар дар 30 соли созандагиву бунёдкорӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки имрӯзҳо амнияти кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва оромии шаҳрвандон аз воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, алалхусус Гвардияи Миллӣ вобастагии калон дорад. Ҳайати шахсии ин қисми низомӣ бо баробари иҷрои вазифаи муқаддаси худ ҳифзи Ватан дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрӣ ба хизмати ҳарбии насли наврасу ҷавонони шаҳр ва ободониву бунёдкориҳои шаҳри азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Ҳамчунин изҳор намуданд, ки имрўз мардуми шарафманди кишвар дар симои сарбозони ҷасур ҳомиёни сулҳу осудагӣ ва амнияти сарзамини куҳанбунёдро мебинанд ва бо шукронаи ҳаёти осоишта барои рушду ободии он софдилона машғуланд.

Дар охир ба сарбозону афсарони қисми низомии мазкур барои хизмати содиқонаву софдилонаашон дар роҳи хизмат ба Ватан изҳори сипос баён намуданд.