ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба ҳисоб рафта фаъолияти ин гуруҳҳо ба ҳар давлат ва миллат зарарҳои ҷиддӣ ба миён меорад. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстемистӣ бо мақсади ба ҳадафҳои нопоки худ расидан бештар ҷавони гумроҳро ба худ ҷалб менамоянд. Бояд қайд намуд, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ тамоми аҳли ҷомеаро ҳамчун муаммои доғи рӯз ба ташвиш овардааст, ки ин аз паст будани тарбия, надоштани саводи комил баъзе аз ҷавонони имрӯза дарак медиҳад. Бо мақсади безаҳмат пули калон ба даст овардан, зудтар соҳиби пулу мол гаштан баъзе ҷавонон зуд фирефтаи чунин гуруҳҳо мегардад.

Мутаъсифона баъзе аз ҷавонон кур-курона ба суханҳои аъзои гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бовар намуда ба доми онҳо меафтанд.

Нисбати чунин ҷавонони гумроҳ аз ҷониби гуруҳҳо мағзшуи анҷом дода шуда, бозичаи дасти хоҷагон мегарданд.  Бояд қайд намуд, ки дар ҷодаи пешгирии намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери террористӣ ва экстремисти дошта нақши калонро волидайн мебозад. Ҳар падару модар бояд дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти дучанд ҳис намоянд. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнат, муносибати хуби инсонӣ, дониш, аз худ намудани илмҳои замони муосир тарбия намоянд.

Аз болои фарзандон назорати доими дошта бояд насли наврасро ба меҳнатдӯстӣ, садоқат ба ватан ва миллат, ҳимояи марзу бум и кишвар тарбия ва таълим дод. Бояд қайд намуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри рушди ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар кишвар ҳама шароитҳои муҳаё гардидааст. Бо мақсади дарёфти ҷавонон ва наврасони боистеъдод, ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба китоб, аз худ намудани касбу ҳунар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст, “Тоҷикистон –ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи донои китоб аст” ва ғайра. Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар таълим ва тарбияи дурусти насли наврас нақши созгорро оилаи солим, маориф ва ҷомеа мебозад. Аз ин лиҳоз баҳри тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон маъулияти баландро бояд волидайн, омӯзгорон ва ҳар як узви ҷомеа ҳис намояд. Ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, бояд донишманд, хештаншинос, ватандӯст ва зираку ҳушёр бошанд.

Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Оқилов Беҳруз.