ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Тибқи нақша чорабиниҳои ТҶҶ "Созандагӣ Ватан" дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба аксияҳои тозагӣ, баланд бардоштани донишу малака, забономӯзӣ пайваста хонишҳои сиёсӣ байни аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватани"- и ноҳия доир гардида истодааст.

Зимни суҳбат масъулин оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, забон омузӣ, аз худ намудани касбу ҳунар суханронӣ намуд.

Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.