КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори зодрӯзи усдод Садриддин Айни Конференсияи илмӣ-адабӣ дар ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" баргузор гардид. Дар конференсияи илмӣ-адабӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, иштирок ва суханрони намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳитяи Ёвон қайд намудан, ки дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст.

Аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и ноҳия  аз ҳаёт ва саргузашти устод саҳначаҳои тарбиявӣ пешкаш карда шуд.