ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА"

Бохтар:  

16 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар байни сокинони маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, мудири бахши кор бо ҷавонон Рухшонаи Шералӣ ва дигар аъзои гурӯҳ бо сокинон бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур гуруҳи корӣ оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишту кори такрорӣ, руёнидани 3-4 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, хоҷагиҳои деҳконӣ ҳидоят намуданд.

Гуфта шуд, ки замин боигарии асосии мо ба ҳисоб меравад. Меҳнати софдилона дар замин ба хонадони ҳар як шахс файзу баракат оварда, бо ба даст овардани ҳосили фаровон аз замин сатҳи некӯаҳволӣ баланд мегардад.

Сокинони маҳаллаи Истиқлол дар парвариши сабзавоту полезиҳо таҷрибаи бой дошта, аз заминҳои наздиҳавлигии худ дар як сол то се ҳосил мерӯёнанд. Агар дар замин меҳнати софдилона карда шавад, аз он самараи хуб гирифта мумкин аст.

Сокинони маҳаллаи Истиқлол дар асоси супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёнидани ҳосили фаровон талош намуда, баҳри пур кардани дастархони худ ва сокинони шаҳр саҳми муносиб мегузоранд.

Инчунин гурӯҳи корӣ бо мардум дар бораи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зӯроварӣ- дар оила, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.