ВОХӮРӢ  ОИД БА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” 

Шаҳритуc:  

Санаи 16 апрели   соли 2024 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус бо иштироки гурӯҳи кории вилояти Хатлон, аз он ҷумла намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят,  намояндаи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон (раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус) ва дигар соҳаҳои маънавиёти вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия, инчунин  муовини якуми раиси ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ҷавонону фаъолон, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ, вохӯриву  мулоқот  оиди омӯзиш  ва татбиқи ҳадафҳо дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  доир гардид.

          Дар баргузории вохӯриву  мулоқот  аъзои гурӯҳи корӣ доир ба мафҳуми моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои талаботи қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моҳияти терроризму экстремизм, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсилдошта, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли ин андешаронӣ намуданд.

         Инчунин дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., суханрони намуда қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва давтовардҳои замони соҳибистиқлолро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, ҷиҳати пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушду нумуи иқтисодиёт,илму фарҳанг ва дар маҷмуъ давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.