ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.

      Сараввал  зимни баргузории маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Маорифчиён” шунида шуд.

    Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар се моҳаи соли ҷорӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизб саҳмгузор бошад.