ВОХУРИИ ГӮРУҲИ КОРӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ БАҲОРИСТОН

Темурмалик:  

Санаи 16 – уми апрели соли ҷори гӯруҳи корӣ  бо иштироки муовинони раиси ноҳия Файзодда Меҳриниссо ва Айниддин Аслиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид, Мудири шуъбаи маориф Асомуродзода Қурбоншоҳ, раиси Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ Файзиддинзода Саймаҳмуд, бо кормандони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Баҳористон оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

           Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид низ сухан намуд.