ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН ПАЙВАСТА ИДОМА МЕЁБАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15-юми апрели соли равон дар деҳаҳои С.Турдиев, Ҳалқачар ва Ш.Шоҳини ҷамоати шаҳраки Бохтариён ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки муовини раиси ноҳия, муоивни раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия, масъулони ҷамоат ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалуфасли он вохӯрии навбатӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолони маҳалаҳо ва ҷамоат иштирок варзида, бо онҳо оид ба баррасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кабудизоркунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣю созандагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.