САНГФАРШКУНӢ ДАР МАҲАЛ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати сатҳи баланд  ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми ҳудуди ноҳияи Қубодиён корҳои ободониву созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

     Чунин иқдоми созанда дар Ҷамоати  деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Сорбонқалъа бо саҳми аҳолии деҳа амалӣ гардида истодааст. Дар ин  аксияи ҳизбӣ 1300 метр роҳро сангфарш карда истодаанд.

       Аксия мазкур зери унвони “Якҷоя месозем!” бо иштироки сокинони деҳаи мазкур, ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷ.Д ба номи Носири Хусрав” баргузор гардида, баҳри амали намудани ҳадафу вазифаҳои муайянгардида ва ба ин восита саҳм гузоштан дар ободии диёр амалӣ гардида истодааст.