КОНФЕРЕНСИ ДАР МАВЗУИ “КОНСТИТУНСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо корбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” Саидова Азизмоҳ бахшида ба соли Маърифати ҳуқуқи элон гардидани соли 2024 конференсия дар мавзуи “Конститутсия вакили ҳуқуқу озодиҳои инсон” миёни ҷавоно доир карда шуд.Саидова Азизмоҳ дар мулоқот иброз доштанд, ки 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо назардошти тағйироту илова, фикру ақида  ва дархосту  пешниҳодҳо 6 ноябри соли 1994  тавассути овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ин санади тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки дар ҷомеа ягонагии сиёсй пойдор гардида, вазифаҳои давлат баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян шаванд.  Дар ин самт Сарвари мамлакат  зикр кард, ки: «Рўзи шашуми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқўъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсй яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.» Асоси пайдоиши ин Конститутсияро андешаи таҷзияи ҳокимият ва таъмини ҳуқуқи инсон ташкил дода, аз нигоҳи соҳибназарони ҳам давраҳои гузаштаву ҳам имрўза маҳз Конститутсия ба қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ (давлат) асос медиҳад. Аз ин рў, Конститутсия танзимкунандаю муайянкунандаи равобити мутақобилаи миёни мақомоти мухталифи давлат аз як сў ва таҳкимбахшу кафолатдиҳандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз сўи дигар мебошад. Дар Тоҷикистон Конститутсия бо ҳамин маънии классикии  худ танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комили давлатии кишвар рў ба ҳастӣ ниҳод. Роҳи таҳияю қабули Сарқонуни Тоҷикистон саҳлу осон набуд ва дар тўли як ё якуним сол таҳияи ду лоиҳаи Қонуни асосӣ шоҳиди ин гуфтаҳоянд.

Халқу давлати Тоҷикистон  Конститутсияи худро таҳия, қабул ва ҷорӣ намуда,  хусусиятҳои хоси  давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ки   иродаи халқ ифодагари ҳокимияти  давлатӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои  инсон, ҳимояи онҳо  арзиши олӣ  эътироф шудааст,  дар он   таҷассуми худро ёфтаанд. Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро то хурдтарин ҷузъиёташ ифода менамояд.   Воридшавӣ ба  мазмун ва моҳияти Сарқонун тавассути дебочаи он хеле осон аст.