ҲАФТАИ АДИБ ДАР МТМУ №56

Вахш: Созандагони ватан  

 "Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд".Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

       Бо мақсади шинос намудани насли наврасу ҷавон бо ҳаёту фаъолияти ин адиби шинохта ва арҷгузорӣ намудан ба заҳматҳои шоир дар МТМУ №56 байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳафтаи адиб бахшида ба бузургдошти хотираи устод Бозор Собир баргузор карда шуд, дар рафти маҳфил хонандагон оид ба фаъолияти адабии устод суханронӣ намуда, аз эҷодиёташ шеърҳо қироат кардаву саҳначаҳо пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш