МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ҶАВОН

Фархор: Созандагони ватан  

 Бо дастури раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаҳои таълими мулоқотҳо оид ба Қонуни Ҷумшурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҳарбӣ ватандустии шаҳвандон” доир карда шуда истодааст. Дар мулоқотҳо нотиқон оид ба мавзуи болозик дар назди хонандагон баромад намуда қайд карданд, ки Қонуни мазкур ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст. Баробари ин, бояд қайд кард,ки дар шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонони кишвари мо низ ҳамчун қисми осебпазир аз равандҳои бегонашавӣ эмин набуда, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият мекунанд. Қабули ин қонун гувоҳи содиқи ин гуфтаҳост. Ин қонуни ҳаётан муҳим қабл аз ҳама сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муайян месозад. Воқеан тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад. Дарки ин мавзуъ вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Ба ақидаи мутафаккирони форсу тоҷик сарчашмаи Ватандӯстӣ аз ин ҷо оғоз мегардад: “Табиат, падару модар, хешовандон, ватан, одамон калимаҳои тасодуфӣ нестанд. Ин зарур аст, зеро мо падару модар, фарзандон, Ватан, ҷои таваллудро интихоб намекунем”. Баробари ин, бояд қайд кард, ки воқеан мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст.