БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.Ин бор чунин як Аксияи дастаҷамъона дар яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассиса баргузор гардид.Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони муассисаро нарм карда, аз алафҳои бегона тоза намуданд. Инчунин гирду атрофи муассисаи таълимиро ободу зебо гардонида, саҳми худро дар боз ҳам ободу зебо гардидани муассисаи худ гузоштанд.