Таъмири майдончаҳо ва роҳравҳои муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ташаббуси кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи Маориф” дар назди муассисаи таҳсилотӣ бо мақсади ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ  ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.  Ин навбат аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки майдонча ва роҳрави муассисаро таъмир намоянд. Тибқи иттилои директори муассиса корҳои таъмирӣ идома ёфта, кӯшишу талош менамояд, ки муассисаро боз ҳам зебою назараббо гардонанд